Голи Бензема ғалабаи дастаашро таъмин кард

Голи Бензема ғалабаи дастаашро таъмин кард

Дар доираи бозиҳои даври 6-уми чемпионати Арабистони Саудӣ дастаҳои “Ал-Аҳдуд” ва “Ал-Иттиҳод” андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Ахдоуд Клуб Стэдиум”-и шаҳри Нарҷан баргузор гардида, бо ҳисоби 0 бар 1 ба суди бошгоҳи “Ал-Иттиҳод” анҷом ёфт.

Ягона голро дар ин бозӣ Карим Бензема дар дақиқаи 72-юм аз ирсоли головари Харун Камара истифода бурда, ба самар расонид.

Бо ин ғалаба дастаи “Ал-Иттиҳод” дигарбора ба садри ҷадвали мусобиқа баргашт. Ҳоло даста дар ҳисоб 15 имтиёз дорад. “Ал-Ҳилол” ва “Ал-Таавун” бо 13 имтиёзи дар зинаҳои 2-юм ва 3-юм маскан гирифтаанд.

Дар даври оянда, рӯзи 21-уми сентябр “Ал-Иттиҳод” бо “Ал-Фат” ва “Ал-Аҳдуд” бо “Ал-Халиҷ” андари майдони рақобат мегарданд.