Голи Эдегор ба “Арсенал” иқбол овард!

Голи Эдегор ба “Арсенал” иқбол овард!

Бошгоҳи “Арсенал” дар бозии даври дуюми чемпионати Англия муқобили дастаи “Кристал Пэлас” зафар ёфт. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Селхерст Парк”-и шаҳри Лондон доир гардида, бо ҳисоби минимилии 1 бар 0 ба фоидаи “тӯпчиён” анҷом ёфт.

Ягона голро дар ин бозӣ Мартин Эдегор дар дақиқаи 53-юм аз зарбаи пеналтӣ ба самар расонид. Дар идома аз ҳайати “Арсенал” – Такэхиро Томиясу корти сурх гирифт ва бозибадар шуд.

Бо ин ғалаба «Арсенал» бо 6 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвали ПЛА қарор дорад. Дастаи «Кристал Пэлас» 3 имтиёз дар ҳисоб дорад.

ПЛА | Даври 2

“Кристал Пэлас” – “Арсенал” 0:1

Гол: Эдегор 54 пен.

“Кристал Пэлас”: Ҷонстон, Митчелл, Гуэхи, Андерсен, Уорд (Рак-Сакий, 83), Лерма, Дукуре, Шлупп (Амада, 73), Айюв, Эзе, Эдуард

“Арсенал”: Рамсдейл, Партей, Салиба, Уайт, Томиясу, Хаверц, Райс, Эдегор (Зинченко, 89), Мартинелли (Габриел, 70), Нкетиа (Жоржинйо, 79), Сака (Кивиор, 89)

Корти сурх гирифт: Томиясу 67