Голи Федерико Валверде беҳтарин голи мавсими Лигаи чемпионҳо эътироф шуд
Гурӯҳи нозирони техникии УЕФА рӯйхати 10 голи беҳтарини мавсими Лигаи чемпионҳои УЕФА-2025/26-ро эълон кард. Дар садри ин феҳрист нимҳимоятгари уругвайии бошгоҳи “Реал Мадрид” Федерико Валверде қарор гирифт.
Голи Валверде, ки дар бозии аввали марҳилаи ҳаштякниҳоӣ муқобили “Манчестер Сити” ба самар расида буд, беҳтарин голи мавсим интихоб гардид. Дар он вохӯрӣ, ки бо пирӯзии бузурги “Реал Мадрид” бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт, футболбози уругвайӣ дар дақиқаи 42-юм голи сеюми дастаашро зада, ҳет-трикро ба қайд гирифта буд.
Коршиносони техникии УЕФА маҳорати инфиродӣ, зебоӣ ва аҳамияти ин голро дар интихоби он ҳамчун беҳтарин голи мавсим муҳим арзёбӣ намудаанд.
Федерико Валверде дар мавсими гузашта яке аз бозигарони калидии “Реал Мадрид”маҳсуб шуда, бо бозии пурэнержӣ ва голҳои муҳимаш ба дастаи шоҳона дар мусобиқаҳои гуногун кӯмак расонд.
Интихоби голи Валверде ҳамчун беҳтарин голи мавсим боз як дастоварди инфиродии нимҳимоятгари уругвайӣ дар арсаи футболи Аврупо ба ҳисоб меравад.
Топ-10 голи беҳтарин дар мавсими имсолаи Лигаи чемпионҳо
1. Федерико Валверде (“Реал Мадрид” — “Манчестер Сити”, 3:0) — бозии аввали марҳилаи 1/16 ниҳоӣ, 11.03.2026.
2. Микки ван де Вен (“Тоттенхэм” — “Копенгаген”, 4:0) — марҳилаи умумии гурӯҳӣ, 11.04.2025.
3. Луис Диас (“ПСЖ” — “Бавария” 5:4) — бозии аввали марҳилаи 1/2 ниҳоӣ, 28.04.2026.
4. Хвича Кваратсхелия (“ПСЖ” — “Аталанта”, 4:0) — марҳилаи умумии гурӯҳӣ, 17.09.2025.
5. Ҳарри Кейн (“Бавария” — “Аталанта”, 4:1, голи дуюм) — бозии ҷавобии марҳилаи 1/16 ниҳоӣ, 18.03.2026.
6. Ламин Ямал (“Брюгге” — “Барселона”, 3:3) — марҳилаи умумии гурӯҳӣ, 11.05.2025.
7. Витиня (“ПСЖ” — “Тоттенхэм”, 5:3, голи аввал) — марҳилаи умумии гурӯҳӣ, 26.11.2025.
8. Анатолий Трубин (“Бенфика” — “Реал”, 4:2) — марҳилаи умумии гурӯҳӣ, 28.01.2026.
9. Влад Драгомир (“Пафос” — “Славия”, 4:1) — марҳилаи умумии гурӯҳӣ, 28.01.2026.
10. Нони Мадуэке (“Брюгге” — “Арсенал” 0:3, голи аввал) — марҳилаи умумии гурӯҳӣ, 12.10.2025.