Голи худкори Хухи монеаи пирӯзии Хави шуд

Голи худкори  Хухи монеаи пирӯзии Хави шуд

Бозиҳои даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2020 идома доранд. Рақобати дастаҳои «Ал-Айн» ва «Ал-Садд» дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “D” доир гашт. Ҳисобро ҳуҷумкунанда дастаи  «Ал-Айн» Коҷо Лаба пас аз партофти Эдуард дар дақиқаи 5-ум боз кард. Вале дар нимаи қисми аввали бозӣ - Акрам Афиф бо голи задаи худ таносубро барқарор намуд. Пас аз ду дақиқа Бауржан Исломхон бартарии тимашро дубора таъмин намуд ва бо ҳамин натиҷа футболбозон ба танаффус баромаданд. Дар дақиқаи 55-ум футболбози испании дастаи «Ал-Садд» - Санти Касорла ҳисоби бозиро баробар кард. Голи сеюми дастаи «Ал-Садд»-ро Бағдод Бунеҷа ба номи худ муҳр зад. Вале ҳимоятгари ин тим Буалем Хохи дар як маврид ба иштибоҳ роҳ дода, тӯбро вориди дарвозаи худ намуд ва тимашро аз ғалаба маҳрум кард. Ҳамин тариқ дар ҷадвали гурӯҳ дастаи «Ал-Садд» бо касби 5 имтиёз дар мақоми дуюм боқӣ монд. «Ал-Айн» бошад, дар зинаи охир қарор дорад.

Лигаи Чемпионщои Осиё . Гурӯҳи D, Даври сеюм:

«Ал-Айн» - «Ал-Садд» - 3:3 (2:1)

Голҳо: 1:0 – 5, Лаба, 1:1 - 35, Афиф, 2:1 – 38, Исломхон, 2:2 – 55, Касорла, 2:3 – 60, Бунеҷа, 3:3 – 67, Хухи (худгол).