Голи Левандовски дар лаҳзаҳои охир ғалабаи “Барселона”-ро таъмин кард

Дар доираи бозиҳои даври 4-уми чемпионати Ипания дастаҳои “Осасуна” ва “Барселона” андари майдони рақобат гардиданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эл-Садар” –и шаҳри Памплтона баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 2 ба суди “Барселона” анҷом ёфт.

Голҳоро дар ҳайти “Барселона” – Жюл Кунде ва Роберт Левандовски ба самар расониданд. Аз ҳайати “Осасуна” ҳамлагари аргентинӣ Чими Авиля гол зад.

Дастпарварони Хави дар ин бозӣ бо мушкили ғалаба ба даст оварданд. Дар даҳаи охири бозӣ мизбонон ҳисобро мусовӣ карданд ва бо корти сурх гирифтани Алехандро Катена бозиашон заиф шуд ва аз ин имконият истифода бурда, Левандовски аз пеналти гол зад ва ғалабаи “Барселона”таъмин намуд. Дар ин бозӣ Жоау Канселу ва Жоау Феликс бозии дебютиашонро дар ҳайати бошгоҳи “Барселона” доир карданд.

Бо ин ғалаба “Барселона” ҳоло бо 10 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мавқеи 3-юм аст. “Осасуна” бо 6 имтиёз дар ҷои 10-ум мавқеъ гирифтааст. Бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” бо 12 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот аст.

Ҳамакнун, дар даври оянда “Барселона” бо “Бетис” рӯзи 17-уми сентябр ва “Осасуна” дар ҳамин рӯз бо “Хетафе” бозӣ мекунад.