Голи Малком ба “Ал-Ҳилол” кӯмак кард, ки силсилаи ғалабаи рекордии худро дар футболи ҷаҳонӣ нав кунад

Голи Малком ба “Ал-Ҳилол” кӯмак кард, ки силсилаи ғалабаи рекордии худро дар футболи ҷаҳонӣ нав кунад

Дастаи “Ал-Ҳилол” дар бозии даври 26-уми чемпионати Арабистони Саудӣ бар тими “Ал-Аҳдуд” пирӯз шуд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт. Голҳоро Солеҳ Ал – Шаҳрӣ, Малком ва Салим Ал – Давсари ба самар расониданд.

Барои «Ал-Ҳилол» ин ғалаба 31-умин пирӯзӣ дар тамоми мусобиқаҳо буд, ки рекорди ҷаҳонӣ мебошад.

Даста дар ҷадвали Лигаи Арабистони Саудӣ бо 74 имтиёз пешсаф аст ва аз “Ал-Наср”, ки дар ҷои дуюм аст 12 имтиёз пеш аст.