Голи Месси дар бозии аввалаш ба «Интер Майами» пирӯзӣ овард

Голи Месси дар бозии аввалаш ба  «Интер Майами» пирӯзӣ овард

Имрӯз, 22-юми июл дар варзишгоҳи «Интер Майами» дар Форт-Лодердейли ИМА бозии даври 1-уми Ҷоми лигаи MLS + MX баргузор гардид. Бозӣ дар гурӯҳи Ҷануб- 3 миёни дастаҳои «Интер Майами» ва «Крус-Асул» доир шуда, «Интер Майами» бо ҳисоби 2:1 ба пирӯзӣ расид.

Ҳисобро дар дақиқаи 44-ум футболбозони «Интер» кушоданд: аз партофти Робби Робинсон Роберт Тэйлор муаллифи гол гардид. Намояндагони тими мексикоӣ бошанд дар миёнаи қисмати дуюм бо голи Уриэл Антуна ҳисобро баробар карданд.

Пирӯзии «Интер»-ро дар дақиқаи 90+4-ум ҳамлавари аргентинӣ Лионел Месси тариқи гол аз зарбаи ҷаримавӣ таъмин кард. Барои Месси ва Серхио Бускетс ин бозии нахуст дар сафи тими амрикоӣ ба ҳисоб рафта буд.

Ҷоми Лигаи MLS + MX. Гурӯҳи Ҷануб- 3. Даври 1-ум

22-юми июли соли 2023, шанбе. 05:00 ДШБ

Крус Асул (Мехико, Мексика) 1 : 2 Интер Майами (Майами, ИМА)

0:1 Тэйлор – 44' 1:1 Антуна – 65' 1:2 Месси – 90+4'