Голи Мусо Қаҳоров ғалабаи Тоҷикистонро муқобили Туркманистон таъмин намуд
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро бо пирӯзӣ бар дастаи Туркманистон оғоз кард.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи тими то 20 солаи Тоҷикистон анҷом ёфт.
Ҳисобро дар дақиқаи 60-уми бозӣ Дияргулюч Уразов ба фоидаи Туркманистон боз кард. Дар дақиқаи 84-уми бозӣ аз зарбаи пеналтӣ Аҳмадҷон Шоев ҳисобро баробар намуд.
Дар дақиқаи 90+7-уми бозӣ нимҳимоятгари дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор Мусо Қаҳоров голи зебо ба самар расонида, ғалабаи тими мунтахаби Тоҷикистонро таъмин намуд ва беҳтарин бозигари ин бозӣ дониста шуд.
Барои шогирдони Рустам Хоҷаев ин бозии аввал аст, гарчанде тими Туркманистон дирӯз дар шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 3:1 бар Афғонистон зафар ёфта буд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври сеюм Тоҷикистон бо Афғонистон рӯзи 15-уми май бозӣ мекунад. Дар ҳамин рӯз Туркманистон бо Қирғизистон вомехӯрад. Бозиҳо дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода доир мешавад.