Голи навбатии Шаҳром Самиев дар Чемпионати Молдова

Голи навбатии Шаҳром Самиев дар Чемпионати Молдова

Ҳамлагари тими миллӣ ва ҷавонони Тоҷикистон Шаҳром Самиев, ки дар бошгоҳи «Динамо-Авто» -и Тираспол бозӣ мекунад, дар дивизиони миллии Молдова голи навбатиашро ба самар расонид. Дар даври 20-уми чемпионати Молдова дастаии Шаҳром Самиев дар меҳмонӣ бо тими «Петрокуб» бозӣ кард. Ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 75-ум ҳисобро боз кард, аммо «Динамо-Авто» дар дақиқаи 77-ум гол сар дода, пирӯзиро нигоҳ дошта натавонист.

Ёдовар мешавем, ки Самиев дар ҳафт бозии «Динамо-Авто» дар Дивизиони Молдова ду гол задааст. Шаҳром дар Ҷоми Молдова бошад, муаллифи як голи дигар гардидааст. Пас аз 20 даври рақобатҳо, «Динамо-Авто» -и Шаҳром Самиев 28 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали чемпионат зинаи панҷумро ишғол мекунад.