Голи Овечкин дар вохӯрӣ бо “Колорадо” ба “Вашингтон” пирӯзӣ оварда натавонист

Голи Овечкин дар вохӯрӣ бо “Колорадо” ба “Вашингтон” пирӯзӣ оварда натавонист

Дар Денвер (ШМА) дар варзишгоҳи  «Болл Арена» бозии навбатии Лигаи миллии хоккей ба охир расид, ки дар он «Колорадо Эвеланш» тими «Вашингтон Кэпиталз» -ро қабул кард. Дар ин бозӣ  мизбонон бо ҳисоби 3 бар 2 ғалаба карданд.

Голҳои ғолибонро Артурри Лехконен, Эндрю Коляно ва  Алекс Нюхук  ба самар расониданд. Голҳои меҳмононро Конор Шири ва ҳамлагари рус Александр Овечкин марбути номи хеш карданд.

Қобили зикр аст, ки Овечкин голи 811-уми худро дар ЛМХ ба самар расонид.