Голи Роналду ғалабаи “Ал-Наср”-ро дар Лигаи Чемпионҳои Осиё таъмин кард
Дар доираи бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Элитаи Осиё дастаҳои “Ал-Наср” –и Арабистони Саудӣ ва “Ал-Раян”-и Қатар андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Риёз баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “Ал-Наср” анҷом ёфт.
Ҳисобро дар ҷараёни вохӯрӣ Садио Мане дар дақиқаи 45+1 ба фоидаи “Ал-Наср” боз кард. Ирсоли головар ба номи Султон Ал-Ғаннам сабт карда шуд. Ин аввалин голи Мане дар мавсими нав буд.
Дар дақиқаи 76-уми бозӣ Криштиану Роналду аз паси голбахши Абдулраҳмон Ғариб ҳисобро дуболо кард. Бо гузаро шудани 11 дақиқа Рогер Гуедеси бразилӣ ба як голи бозигарони “Ал-Наср” ҷавоб гардонд, лек ба дастаи “Ал-Раян” кӯмак накард то аз бохт наҷот ёбад.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ғалабаи “Ал-Наср” дар мавсими нави Лигаи Чемпионҳои Осиё буд. Дар бозии аввал “Ал-Наср” бо “Ал-Шорта” –и Ироқ мусовӣ кард.