Голи Шик ба "Байер" иқбол овард

Голи Шик ба "Байер" иқбол овард

Дар рақобатҳои даври 24-уми Бундеслигаи Олмон дастаҳои "Боруссия М" ва "Байер" рақобат карданд. Дидори дастаҳо дар шаҳри Боруссия доир шуда, бо натиҷаи 1:0 ба суди "Байер" хотима ёфт. Ягона голи ин дидорро дар дақиқаи 77-ум Патрик Шик муаллифӣ намуда, ба дастааш иқбол овард. Баъди ин бозӣ "Байер" бо касби 40 хол дар зинаи 5-ум қарор гирифт. "Боруссия" бошад, 33 имтиёз дораду дар ҷои 10 маскан гирифтааст.

Чемпионати Олмон. Даври 24-ум

Боруссия М — Байер 0:1

Гол: Шик, 77

Боруссия М: Зоммер — Бенсебаини, Элведи, Гинтер, Лайнер — Нойхаус, Закария — Тюрам (Траоре, 82), Волф, Лазаро (Херрманн, 81) — Плеа (Эмболо, 70)

Байер: Грил — Венделл, Тапсоба, Та, Фримпонг — Амири, Арангис, Демирбай — Грей, Диаби, Шик