Голи Суарес ғалабаи “Атлетико”-ро таъмин кард

Голи Суарес ғалабаи “Атлетико”-ро таъмин кард

Пас аз ду ҳафтаи танаффус дар бозии даври 6-уми чемпионати Испания, дастаҳои " Селта " ва " Атлетико Мадрид" барои имтиёз мубориза бурданд. Дидори мазкур дар варзишгоҳи "Балайдос дар Виго" доир гардид ва бо пирӯзии меҳмонон ба фарҷом расид. Дар дақиқаи 6-уми вохӯрӣ голи аввалро ҳамлагари уругвайии Атлетико Луис Суарес ба самар расонид. Дар нафасҳои охири дидор аниқтараш дар дақиқаи 90+5   Янник Карраско тӯбро ба дарвозаи Виллар ворид карда, нуқтаи ниҳоиро дар дидори мазкур гузошт. Пас аз ғалаба шогирдони Диего Симионе 3 имтиёз ба даст оварда, бо касби 8 имтиёз дар зинаи чоруми ҷадвали мусобиқот маскан гирифтанд. Бошгоҳи "Селта" пас аз 3 - бохти пайи ҳам бо доштани 5 имтиёз дар мавқеи 13- уми ҷадвал қарор гирифт.