Голи ягонаи Батшуайи ба Белгия 3 имтиёз овард

Голи ягонаи Батшуайи ба Белгия 3 имтиёз овард

Белгия дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2022 дар Қатар бар тими Канада пирӯз шуд.

Футболбозони мунтахаби Белгия,  ки ҳоло беҳтарин насли таърихро доранд, умуман аз Белгия дида дар қисми аввал фаъолтар буданд. Онҳо ба сӯи дарвозаи рақиб  21 тӯб заданд, ки 17-тоаш  мустақим буд. Гузашта аз ин, дар оғози бозӣ ҳимоятгари тими  «Бавария» Дэвис аз пеналтӣ натавонист, ки тӯбро вориди дарвозаи Куртуа гардонад.  Аммо голи ягонаро дар ин дидор белгиягиҳои ботаҷриба бо голи задаи  Батшуайӣ соҳиби 3 имтиёз гардиданд.

Дар бозии дигари ҳамин гурӯҳ  Хорватия ва Марокаш ғолибро муаяйн карда натавонистанд.

Ҷоми Ҷаҳон | Гурӯҳи “F” |Даври 1

Белгия – Канада 1:0 (1:0)

Гол: Батшуайи, 44

Белгия: Куртуа, Вертонген, Алдервейрелд, Дендонкер, де Брюйне, Азар (Троссард 62), Кастан, Феррейра Карраско (Менйе 46), Витсел, Тилеманс (Онана 46), Батшуайи(Опенда 78)

Канада: Борян, Миллер, Витория, Ҷонстон, Хойлетт (Ларин 58), Бюкенен (Миллар 81),Дэвис, Эуштакиу (Осорио 81), Хатчинсон (Коне 58), Ларейя (Адекугбе 74), Дэвид

Огоҳӣ гирифтанд: Янник Феррейра Карраско (9), Тома Менйе (53), Амаду Онана (56), Алфонсо Дэвис (81), Алистер Ҷонстон, (83)