Голи зебои Фирминийо ва ғалабаи “Ал-Аҳлӣ” дар Доҳа

Голи зебои Фирминийо ва ғалабаи “Ал-Аҳлӣ” дар Доҳа

Дар доираи бозиҳои даври 7-уми марҳилаи умумии гурӯҳӣ дар Лигаи Чемпионҳои Элитаи Осиё дастаҳои “Ал-Садд”-и Қатар ва “Ал-Аҳлӣ”-и Арабистони Саудӣ ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Доҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 3 ба суди “Ал-Аҳлӣ” анҷом ёфт.

Ҳисоб дар дақиқаи 1-уми бозӣ кушода шуд. Акрам Афиф аз ҳайати “Ал-Садд” муаллифи гол гардид. Роберто Фирминийо дар дақиқаи 10-уми бозӣ аз паси головари Рияд Маҳрез бо усули қайчӣ голи зебоеро ба самар расонида, ҳисобро баробар намуд.

Дар дақиқаи 39-уми бозӣ аз паси головари Фирминийо истифода бурда, Рожер Ибанйес дар ҳисоб тими шаҳри Ҷиддаро ба пеш баровард. Дар идома дар дақиқаи 81-уми бозӣ Рияд Маҳрез нуқтаи ниҳоиро дар ҳисоб гузошт ва ҳисобро 1 бар 3 намуд.

Ин аввалин бохти “Ал-Садд” дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ буд. Тими шаҳри Доҳа бо 12 имтиёз дар зинаи 4-ум аст. “Ал-Аҳлӣ” шикастнопазир аст ва ҳоло бо касби 19 имтиёз дар зинаи аввал мебошад.

Дар даври охир “Ал-Садд” бо “Пахтакор” ва “Ал-Аҳлӣ” бо “Ал-Ғарафа” рӯзи 17-уми феврал бозӣ мекунанд.

ТВ "Варзиш"