Гонсало Гарсия ба “Фулҳэм” мегузарад!
Бошгоҳи «Фулҳэм»-и шаҳри Лондон бо «Реал Мадрид» оид ба гузариши ҳамлагар Гонсало Гарсия ба мувофиқа расид.
Ба иттилои рӯзноманигор Фабритсио Романо, маблағи асосии ин трансфер 40 миллион евроро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар шартнома боз 2 миллион евро ҳамчун бонусҳои эҳтимолӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, «Реал Мадрид» аз фурӯши минбаъдаи Гарсия 30 фоизи маблағи трансферро дарёфт хоҳад кард.
Дар созишнома инчунин банде мавҷуд аст, ки ба «Реал Мадрид» ҳуқуқи такрори пешниҳод медиҳад. Яъне агар дар оянда бошгоҳи дигар барои харидани Гарсия бо «Фулҳэм» ба мувофиқа расад, «Реал Мадрид» метавонад футболбозро бо ҳамон шартҳо дубора ба ҳайати худ баргардонад.
Гонсало Гарсияи 22-сола дастпарвари академияи «Реал Мадрид» мебошад. Ӯ дар ҳайати асосии дастаи шаҳри Мадрид 51 бозӣ анҷом дода, 13 гол ба самар расонидааст.