Горан Стеванович ҳамчун сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон муаррифӣ карда мешавад
Нишасти матбуотии сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон Горан Стеванович дар меҳмонхонаи “Румӣ” баргузор мешавад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Имрӯз, 3-юми октябр муаррифии расмии сармураббии нави мунтахаби Тоҷикистон мутахассиси сербӣ Горан Стеванович дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе баргузор мешавад. Оғози чорабинӣ соати 15:00 аст.
Пас аз муаррифии сармураббӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад, ки дар он Горан Стеванович ба ҳама саволҳои журналистон ҷавоб медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 2-юми октябр Федератсияи футболи Тоҷикистон ситоди нави мураббиёни тими миллии кишварро тасдиқ кард. Горан Стевановичи 58-сола сармураббии тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд.