Горан Стеванович: “Бозӣ хеле душвор хоҳад буд, танҳо барои пирӯзӣ рақобат мекунем”
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Горан Стеванович интизориҳои худро аз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили дастаи Филиппин, ки 31 март дар Ҳисор баргузор мешавад, иброз дошт.
«Мо омодагиро ба бозӣ дақиқан як ҳафта пеш оғоз кардем ва ҳафт машғулият гузаронидем. Имрӯз машқҳои охирини мост. Бачаҳо барои вохӯрӣ омодаанд.
Рақобат хеле душвор хоҳад буд – Филиппин рақиби қавӣ аст. Мо барои пирӯзӣ, барои шод кардани мухлисонамон ба майдон мебароем ва ба дастгирии тамошобинон дар варзишгоҳ умед мебандем.
Муҳим аст, ки тӯли тамоми 90 дақиқа тамаркузро нигоҳ дорем ва аз имкониятҳои худ истифода барем. Дар чунин бозиҳо интизом ва рӯҳияи даставӣ муҳим аст.
Умедворам, ки бачаҳо беҳтарин натиҷаро нишон медиҳанд ва ба натиҷаи дилхоҳ ноил мегарданд. Ман ҳамаи мухлисонро даъват мекунам, ки дастаро дастгирӣ кунанд - якҷоя мо қавитарем», – гуфт Горан Стеванович дар нишасти матбуотӣ.
Ёдовар мешавем, ки бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Филиппин рӯзи 31 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19:00 оғоз мешавад.
