Горячкина ба ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии шоҳмот роҳхат гирифт
Шоҳмотбози рус Александра Горячкина ба марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Боку роҳ ёфт.
Дар марҳилаи ¼- ниҳоӣ шоҳмотбози 24-сола дар тай-брейки сеюм бар Харика Дронавалли аз Ҳиндустон зӯр баромад.
Рақобати марҳилаи ниманиҳоии Горячкина бошад бо Тан Чжунйи аз Чин доир мешавад.