Грэм Поттер дигарбора дар Лондон кор пайдо кард
Бошгоҳи «Вест Ҳэм Юнайтед»-и шаҳри Лондон дар сомонаи расмии худ оиди таъини мутахассиси англис Грэм Поттер ба вазифаи сармураббии бошгоҳ хабар дод.
“«Вест Хэм Юнайтед» аз он хушнуд аст, ки Грэм Поттерро ба ҳайси сармураббии нави даста истиқбол мегирад” – омадааст, дар саҳифаи расмии тими шаҳри Лондон.
Мутахассиси 49-сола бо “Вест Ҳэм” то соли 2027 шартнома имзо кард. Дар ин вазифа Поттер мутахассиси испанӣ Хулен Лопотегиро иваз кард. Дастаи охирини Поттер ин «Челси» буд.
Ёдовар мешавем, ки “Вест Ҳэм” ҳоло дар ҷадвали Премйер-Лигаи Англия бо 23 имтиёз дар ҷои 14-ум аст.