Гризманн дар “Атлетико Мадрид” ба натиҷаи рекордӣ расид

Гризманн дар “Атлетико Мадрид” ба натиҷаи рекордӣ расид

Ҳамлагари “Атлетико Мадрид” Антуан Гризманн аввалин бозигар дар таърихи клуб гардид, ки 200 гол ба самар расонд. Дар бораи ин дастоварди муҳим сомонаи расмии “Атлетико Мадрид” хабар додааст.

Ин воқеа дар бозии даври 2-юми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо бар зидди “Айнтрахт” (5:1) рух дод. Ҳамлагари фаронсавӣ голи ҷашнии худро дар дақиқаи 45-ум зад. Гризманн рекордгузори дастаи мадридӣ аз рӯйи шумораи голҳо мебошад.

Айни ҳол миёни бозигарони амалкунандаи “Атлетико” дар ҷои дуюм аз рӯйи теъдоди голҳо Анхел Корреа қарор дорад, ки 88 гол задааст. Ҳоло Корреа феълан дар клуби мексикоии “Тигрес” бозӣ мекунад. Дар байни бозингарони амалкунандаи “Атлетико” ҷойи сеюмро нимҳимоятгар Коке бо 48 гол ишғол мекунад.