Гуландом Халилова дар бозии даври ¼-ниҳоии ЛЧ-и Осиё миёни бонувон ҳамчун корманди тиббӣ фаъолият кард

Гуландом Халилова дар бозии даври ¼-ниҳоии ЛЧ-и Осиё миёни бонувон ҳамчун корманди тиббӣ фаъолият кард

Духтури тими миллии занонаи Тоҷикистон Гуландом Халилова дар бозии даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2025/26 миёни бонувон ҳамчун корманди тиббии Конфедератсияи футболи Осиё коркард.

Ӯ дар бозии байни дастаҳои «Вуҳан Сзянда» (Чин) ва «Сувон» (Кореяи Ҷанубӣ), ки дар Чин баргузор шуда, бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи дастаи кореягӣ анҷом ёфт, адои вазифа намуд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2021 инҷониб Гуландом Халилова мунтазам ба вазифаи корманди тиббии Конфедератсияи футболи Осиё даъват карда мешавад.