Гулистон мизбони мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон

Гулистон мизбони мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон

Бо мақсади омодагии дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон ба мавсими нав дар шаҳри Гулистон аз 9-ум то 19-уми март сеюмин мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар мусобиқаи пешазмавсимӣ, ки дар майдонҳои осоишгоҳи “Баҳористон” ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор мегардад, нуҳ дастаҳои Лигаи олӣ – “Хуҷанд”, “Эсхата”, “Истаравшан”, “Душанбе-83”, КМВА, “Куктош”, “Хатлон”, “Равшан” (Кӯлоб), “Файзканд” ва ҳайати ҷавонони дастаи “Истиқлол” иштирок мекунанд. Тамоми хароҷоти молиявӣ барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми ЛФТ, аз қабили хӯрока ва зист дар осоишгоҳи “Баҳористон” ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, таъмин кардани бозигарони дастаҳо бо витаминҳои зарурӣ, иҷораи майдону толорҳои варзишӣ ва қадрдонии ғолибон аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи мамлакат пӯшонида мешавад.

Дар доираи иштирок дар мусобиқаи Ҷоми ЛФТ дастаҳои Лигаи олӣ имконияти баргузории ҷамъомадҳои таълимӣ-тамринии мукаммалро соҳиб мешаванд. Ҳамчунон Лигаи футболи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки як қатор чорабиниву семирнаҳо барои бозигарон, мураббиён, роҳбарон ва табибони дастаҳо роҳандозӣ намояд. Қайд менамоем, ки Ҷоми ЛФТ ибтидо аз соли 2019 баргузор мегардад. Ғолиби аввали ин мусобиқаи бошгоҳи КМВА аст, соли гузашта бошад “Истаравшан” дар ин чорабинии варзишӣ пирӯзӣ ба даст овард.