Гурӯҳи кории ФФТ бо раиси вилояти Суғд мулоқоти корӣ анҷом дод

Гурӯҳи кории ФФТ  бо раиси вилояти Суғд мулоқоти корӣ  анҷом дод

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳайати ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев бо раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода вохӯрӣ доир намуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубрами футбол дар вилоят, аз ҷумла футболи кӯдакону наврасон, бонувон, футзал,

футболи клубӣ, ҳамзамон нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 3-юми феврали соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар инфрасохтори варзишии вилоят, аллакай гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аз варзишгоҳҳои 15 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд боздид ба амал оварданд.

Ҳамзамон, дар аснои вохӯрӣ зикр гардид, ки ҷиҳати таҷлили сазовор аз Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки имсол аз рӯйи нақшаи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ аз 19 – 25 май таҷлил карда мешавад, барои бошукӯҳу шаҳомат ташкил ва баргузор намудани фестивалҳои гуногун дар вилоят, алалхусус дар шаҳри Хуҷанд, аз ҷониби масъулин ҷиҳати таҳияи нақшаи чарабиниҳо барои сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд чораҳои таъхирнопазир амалӣ гардида истодааст.

Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба омода намудани футболбозони бомаҳорат ва ҷалб намудани онҳо ба ҳайати тимҳои мунтахаби миллӣ, инчунин бунёди академияи футбол ҷавобгӯ ба тамоми шароитҳои байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд мубодилаи афкор намуданд.

ТВ "Варзиш"