Гузариши ҳамлагари “Арсенал” ба “Ноттингем” анҷом наёфт. Боз як клуби дигари Пример-лига ба ин футболбоз мароқ зоҳир кардааст
Гузариши ҳамлагари “Арсенал” ба “Ноттингем” анҷом наёфт. Боз як клуби дигари Пример-лига ба ин футболбоз мароқ зоҳир кардааст
Ба гуфтаи рӯзноманигор Фабритсио Романо,клуби дигари “Пример-лига”-и Англия талош дорад,ки бозигари дастаи “Арсенал”-и шаҳри Лондонро харидорӣ намояд.Гуфта мешавад,ки ин ҳамлагари даста Эдди Нкетя мебошад. Бозигари мазкур барои ба дастаи “Кристал Пелас” гузариш кардан омода аст.Ҳоло бошад музокирот байни дастаҳо идома дорад ва агад клубҳо ба мувофиқа расанд пас ин гузариш амалӣ хоҳад шуд.
Интизор меравад, ки Нкетя дар рӯзҳои охири равзанаи транфери тобистона Арсеналро тарк мекунад.Мавсими гузашта ҳамлагари англис дар Пример-лигаи Англия дар 25 бозӣ ба задани 5 гол ва 2 партофти головар даст ёфта буд.