Гузариши Диоманде ба “Реал” дар таърихи футболи африқоӣ гаронтарин гардид
Гузариши ҳамлагар Ян Диоманде аз дастаи “РБ Лейпсиг” ба “Реал Мадрид”, ки расман рӯзи 6-уми август эълон шуд, гаронтарин трансфери футболбози африқоӣ дар таърих гардид. Арзиши гузариш аз рӯи ҳисоб бо доллари ИМА 144 миллионро ташкил дод.
Ин бозигари 21-солаи тими мунтахаби Кот-д'Ивуар дар ин раддабандӣ бо фарқияти калон ҷои аввалро ишғол кард. Дорандаи рекорди қаблӣ Николас Пепе буд, ки соли 2019 аз “Лилл” ба “Арсенал” бо нархи 92 миллион доллар кӯчида буд.
Ҷои сеюмро трансфери Виктор Осимхен аз “Лилл” ба “Наполи” (91 миллион доллар) ишғол мекунад. Дар зинаҳои поёнӣ трансферҳои Умар Мармуш ("Айнтрахт Франкфурт" ба "Манчестер Сити", 87 миллион доллар), Брайан Мбемо ("Брентфорд" ба "Манчестер Юнайтед", 87 миллион доллар), гузариши дигари Осимхен - аз "Наполи" ба "Галатасарой" (87 миллион доллар), Антуан Семенё ("Борнмут" ба "Манчестер Сити", 83 миллион доллар), Ашраф Ҳакимӣ ("Интер" ба "ПСЖ", 78 миллион доллар) ва Риёд Маҳрез ("Лестер Сити" ба "Манчестер Сити", 78 миллион доллар) қарор доранд.
Шомили даҳгонаи беҳтарин трансферҳо бо иштироки футболбозони африқоӣ бошад гузариши Муҳаммад Кудус ("Вест Ҳэм" ба "Тоттенҳэм", 74 миллион доллар) ва Пйер-Эмерик Обамеянг ("Боруссия Дортмунд" ба "Арсенал", 74 миллион доллар) мебошанд.