Гузариши ситораи «Ювентус» ба «Барселона»

Гузариши ситораи  «Ювентус» ба «Барселона»

Ниммуҳофизатгари бошгоҳи “Ювентус” - Адриен Рабио ба хулосае омадааст, ки дар ояндаи наздик ҳайати туриниҳоро тарк намояд. Бо маълумоти ВАО футболбози 24 солаи фаронсавӣ, ки тобистони ҳамин сол ба “Ювентус” гузариш намуда буд, аз бозиаш дар Турин розӣ нест. Дар мавсими нав футболбоз танҳо дар 4 бозии дастааш ширкат намудааст, ки ин шумораи барои чунин футболбози ҷавон ва фаъол хеле кам аст. Хабар дода мешавад, ки агар рафти бозии Адриен дар “Ювентус” тағйир наёбад онгоҳ ӯ ба ҳайати “Барселона” пайваст мешавад.