Гвардиола ғалабаи душвори “Манчестер Сити” муқобили “Лейптсиг”-ро дар Лигаи Чемпионҳо шарҳ дод
Сармураббии бошгоҳи «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиола дар мавриди ғалаба бар «Лейптсиг» (3:2) дар даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо ва роҳ ёфтан ба марҳилаи 1/8-ниҳоӣ фикрҳояшро баён кард.
«Мо дар Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекунем ва “Лейптсиг” дар тӯли 5-6 соли охир ҳамеша ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфтааст. Мо дар оғози рақобат дар хати дифоъ бисёр иштибоҳ кардем. Мо бояд дар бозиҳои ҷисмонӣ ғалаба кунем, аммо мо ин корро накардем.
Мо бояд ором шавем, бе шиддат бозӣ кунем ва мо ин корро хуб кардем. Мо пешсафи гурӯҳ ҳастем ва аз вокуниши даста дар охири бозӣ хеле шодам. Даста ба пеш ҳаракат мукунад, мубориза мебарад ва рӯҳияи худро нишон медиҳад», —гуфтааст, Хосеп Гвардиола, ки фишӯрдаи суъанҳояшро BBC иқтибос овардааст.
Пас аз ин ғалаба бошгоҳи “Манчестер Сити” шумораи имтиёзҳояшро дар гурӯҳи “G” ба 15 адад расонида, роҳхати даври плей-оффро соҳиб шуд. Дастаи “Лейптсиг” пас аз бохт бо 9 имтиёз дар зинаи дуюми гурӯҳ боқӣ монд ва роҳхати марҳилаи ҳазфиро соҳиб шуд. “Янг Бойз” бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм ва “Срвена Звезда” бо 1 имтиёз дар зинаи охир қарор доранд ва имкони ба марҳилаи ҳазфӣ баромаданро аз даст додаанд.
Дар даври охири марҳилаи гурӯҳӣ “Срвена Звезда” бо “Манчестер Сити” ва “Лейптсиг” бо “Янг Бойз” рӯзи 13-уми декабр бозӣ мекунанд.
