Гвардиола беҳтарин мураббии ҷаҳон дар солҳои 2010-ум дониста шуд
Маҷаллаи маъруфи бритониёӣ оиди футбол FourFourTwo номи беҳтарин мураббиёнро бо натиҷагирӣ аз солҳои 10-уми асри XXI эълон намуд. Дар зинаи аввал сармураббии феълии "Манчестер Сити" қарор гирифт.
Гвардиола даҳсолаи қаблиро ба кор дар "Барселона" сар кард, ки бо ин тим дар мавсими-2010/2011 ғолиби Лигаи чемпионҳо шуд. Соли 2012 мураббӣ дастаи каталониро тарк намуда, тобистони соли 2013-юм ба тамриндиҳии "Бавария" пардохт. Бо тими олмонӣ ӯ се маротиба ба ниманиҳоии Лигаи чемпионҳо роҳхат гирифт ва се маротиба қаҳрамони Олмон шуд. Аз рӯзи 1-уми июли соли 2016 Гвардиола бо "Манчестер Сити" кор мекунад. Даҳсолаи қаблӣ ӯ ба “шаҳриён” кумак намуд то дар мавсимҳои 2017/2018 ва 2018/2019 қаҳрамон шаванд.
Рӯйхати беҳатин мураббиёни солҳои 2010-ум аз рӯи фарзияи FourFourTwo:
Хосеп Гвардиола ("Барселона"/"Бавария"/"Манчестер Сити");
Висенте Дел Боске (мунтахаби Испания);
Алекс Фергюсон ("Манчестер Юнайтед");
Юрген Клопп ("Боруссия" Дортмунд/"Ливерпул");
Дидйе Дешам ("Марсел"/мунтахаби Фаронса);
Зинедин Зидан ("Реал" Мадрид);
Жозе Моуриню ("Интер"/ "Реал" Мадрид/ "Челси"/"МЮ","Тоттенхэм Хотспур");
Йоахим Лёв (мунтахаби Олмон);
Карло Анчелотти ("Челси","ПСЖ","Реал" Мадрид,"Бавария", "Наполи","Эвертон");
Диего Симеоне ("Катания", "Расинг","Атлетико" Мадрид).