Гвардиола дар охири мавсим тарки “Манчестер Сити” мекунад

Гвардиола дар охири мавсим тарки “Манчестер Сити” мекунад

Сармураббии дастаи “Манчестер Сити” — Хосеп Гвардиола эҳтимол дорад, ки пас аз анҷоми мавсими ҷорӣ клубро тарк кунад. Дар ин бора нашрияи The Times хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, то кунун қарор дар бораи ояндаи мутахассиси испанӣ дар дастаи “Шаҳриҳо” гирифта нашудааст. Таъкид мешавад, ки Гвардиола ва ёвари ӯ омодаанд ба роҳбарияти “Манчестер Сити” дар ҷустуҷӯи ҷойгузини муносиб кӯмак расонанд. Бо ин вуҷуд, қарори ниҳоӣ дар ин масъала аз ҷониби худи клуб қабул карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мутахассиси 54-сола аз соли 2016 сармураббии “Манчестер Сити” мебошад. Қарордоди амалкунандаи ӯ то соли 2027 эътибор дорад. Дар давраи роҳбарии Гвардиола тими “Манчестер Сити” шаш маротиба қаҳрамони Англия шуда, ғолиби Лигаи чемпионҳо гардид.