Гвардиола фикрашро пеш аз бозӣ бо «ПСЖ» баён кард

Гвардиола фикрашро пеш аз бозӣ бо «ПСЖ» баён кард

Сармураббии дастаи “Манчестер Сити” Хосеп Гвардиола интизориҳои бозии ҷавобии даври ½ ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо бо “Пари Сен-Жермен”-ро нақл кард.

«ПСЖ» ин як дастаи барҷаста аст, ки инро ҳама медонад. Онҳо қодиранд, ки ҳама чизро ба даст оранд, ки бисёриҳо боварӣ надоранд. Албатта, ман медонам, ки онҳо ба чӣ қодиранд, аммо корҳое, ки онҳо дар майдон анҷом доданд, рӯзи чоршанбеи гузашта дар хотирам нақш бастааст. Худи ҳамон хатарҳо моро ҳамчун бозии аввал интизор аст. Онҳо метавонанд ташаккули худро иваз кунанд, мураббии хеле оқил доранд, ман намедонам, ки чӣ кор хоҳанд кард. Мо ҳеҷ гоҳ ба ин марҳила нарасидаем ва хоҳиши ба финал баромаданро дорем. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бозии худро ба гардани парижиён бор кунем. Шумо бояд дар муҳофизат хуб бозӣ кунед, сабр кунед ва кӯшиш кунед, ки гол занед», — иқтибос овардааст сомонаи расмии УЕФА аз суханони Гвардиола.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии даври ½ финали ЛЧ байни дастаҳои «Манчестер Сити» ва «ПСЖ» имрӯз 4-уми май соати 23:55 бо вақти Душанбе доир мешавад. Ногуфта намонад, ки бозии аввали дастаҳо дар Париж бо натиҷаи 2:1 ба фоидаи “МС” хотима ёфта буд.