Гвардиола гузариши Гарсияро ба «Барса» тасдиқ кард

Гвардиола гузариши Гарсияро ба «Барса» тасдиқ кард

Бошгоҳи «Манчестер Сити» тасмими Гарсияро барои пайвастан ба “Барселона” тасдиқ кард.

Сармураббии "шаҳриҳо" – Хосеп Гвардиола гуфт, ки Эрик Гарсия тасмим гирифтааст, ки дастаро тарк карда, ба «Барселона» гузарад.

- Вай барои ман мисли писар аст. Гарсия дар мавсими гузашта беҳтарин ҳимоятгари мо буд. Аммо ӯ ният дорад ба «Барселона» гузарад. Вай футболбози олӣ аст, - гуфт Гвардиола.

Гуфта мешавад, ки футболбоз тобистон ҳамчун агенти озод ба «Барселона» мепайвандад ва то соли 2026 шартнома ба имзо мерасонад.

Маврид ба ёдоварист, ки шартномаи амалкунандаи ҳимоятгари испанӣ бо «Ман Сити» 30-юми июни соли 2021 ба итмом мерасад. Арзиши трансферии бозингари 20-сола айни ҳол дар бозори ҷаҳонӣ 20 миллион евроро ташкил медиҳад.