Гвардиола: “Мо бояд мавсими оянда дар ЛЧ иштирок кунем"

Гвардиола: “Мо бояд мавсими оянда дар ЛЧ иштирок кунем"

Хосеп Гвардиола, сармураббии бошгоҳи футболи "Манчестер Сити" зимни суҳбат бо Sky Sports дар мавриди қазияи ду сол маҳрум намудани бошгоҳ аз мусобиқоти қоравиро ҳарф задааст.

«Мо аллакай ба мавсими нави Лигаи чемпионҳо омодаем. Гарчанде Иттиҳодияи футболи Аврупо моро дар ду мавсим аз ҳаққи ширкат дар ин мусобиқа маҳрум намуд, аммо мо маъюсу ноумед нахоҳем шуд. Ман аз раҳбарияти УЕФА талаб мекунам, ки ин масъаларо бори дигар таҳлил намоянд. Зеро мо аз ин таҳрим норозием» - иқтибос меорад Sky Sports аз гуфтаҳои Гвардиола.