Гвардиола нафарони айбдорро дар мусовии  "Манчестер Сити" номбар кард

Гвардиола нафарони айбдорро дар мусовии  "Манчестер Сити" номбар кард
Сармураббии "Манчестер Сити" Хосеп Гвардиола дар мавриди натиҷаи бозӣ зидди "Кристал Пэлас" (2:2) дар даври 17-уми чемпионати Англия андешаашро баён кард. 

"Мо ду холро аз барои қарорҳоямон аз даст додем. Бозии хубе гузаронидем, ҳамаи ҷузъиёти бозӣ нағз буданд. 

Ба ҳолатҳои зиёд назди дарвозаи хеш роҳ надодем, хуб дифоъ намудем, бозии сабурона доштем, зеро 10 бозигар аз паси хати тӯб доштем ва бо чунин ҳолат бозӣ кардан мушкил аст. Ҳолатҳои зиёде доштем, вале дар бозиҳо пирӯз шуда натавонистем. Чунин ҳолат зидди "Тоттенҳэм" ва  "Ливерпул" рух дода буд. 

Хеле аламовар аст, вале мо бояд ба худ биёем, то ба қарорҳои инфиродиямон нигарем ва сипас ба дастаи хеш таваҷҷӯҳ кунем. Мо ҳеҷ касеро айбдор карда наметавонем. Мо танҳо худро айбдор мекунем", – иқтибос меорад аз суханони мураббии  "шаҳриҳо" Manchester Evening. 

Ёдрас мекунем, ки "Манчестер Сити" дорои бартарӣ нисбати  "Кристал Пэлас" бо тӯб дошта буд, вале дар дақиқаҳои иловагӣ ҳариф тавонист мусовӣ ба даст овард. Бозӣ бо натиҷаи 2:2 анҷом ёфт.