Гвардиола Олмон ва Испанияро муддаии асосии Евро - 2024 донист

Гвардиола Олмон ва Испанияро муддаии асосии Евро - 2024 донист

Сармураббии дастаи «Манчестер Сити» Хосеп Гвардиола фаворитҳои Чемпионати Аврупо-2024 –ро номбар кард.

"Муддаиён Испания ва Олмон мебошанд. Шумо дар бораи Англия чӣ фикр доред? Онҳо ба ғалаба наздик шуда истодаанд ва танҳо бояд қадами охиринро гузоранд. Англисҳо ҳоло насли бузург доранд, онҳо нимҳимоятгари олӣ ва ҳамла доранд. Ман ҳоло дар Англия кор мекунам, аз ин рӯ ман ба он таваҷҷӯҳ дорам, ки даста чӣ гуна баромад мекунад”, - навиштааст журналист Виктор Наварро дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Аврупо -2024 аз 14-уми июн то 14-уми июл дар Олмон баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии мусобиқа тими миллии Италия мебошад, ки дар финали Евро-2020 Англияро шикаст дода буд.