Гвардиола рекорди Фергюсонро дар ПЛА нав кард
Ғалабаи “Манчестер Сити” дар бозии даври 16-уми Премйер-Лигаи Англия бар “Кристал Пэлас” (3:0) барои мутахассиси испанӣ Хосеп Гвардиола 150-юмин пирӯзӣ дар бозиҳои чемпионати Англия шуд, ки дар он бозиҳо тими ӯ се ё зиёда гол ба самар расондааст.
Барои расидан ба ин натиҷа мутахассис 358 бозӣ гузаронд. Ҳамин тариқ, Гвардиола дастоварди Алекс Фергюсонро, ки 149 чунин пирӯзӣ дар 522 бозӣ дошт, паси сар кард. Дар ин бора сомонаи расмии “Манчестер Сити” хабар дод.
Хосеп Гвардиола аз соли 2016 сармураббии “Манчестер Сити” мебошад. Дар ин муддат ӯ шаш маротиба клубро ба унвони қаҳрамони Премйер-Лигаи Англия расондааст.
Дар мавсими ҷорӣ, пас аз 16 бозӣ дар Премйер-Лигаи Англия “Манчестер Сити” бо 34 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Фосилаи имтиёзҳо бо тими пешсафи мусобиқа “Арсенал” ду холро ташкил медиҳад.