Гвардиола тарки “Манчестер Сити” мекунад...
Сармураббии дастаи “Манчестер Сити” Хосеп Гвардиола эҳтимол дорад дар поёни мавсими ҷорӣ аз мақомаш истеъфо диҳад. Дар ин бора инсайдери маъруф Фабритсио Романо хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, мутахассиси испанӣ аллакай роҳбарияти клубро аз қарори худ огоҳ кардааст ва эълони расмии тарки даста метавонад рӯзҳои наздик нашр шавад. Гуфта мешавад, ки Гвардиола ба зудӣ бо мухлисони “шаҳриҳо” хайрбод мегӯяд.
Ҳамзамон, роҳбарияти “Манчестер Сити” аллакай номзади асосиро барои иваз намудани Гвардиола муайян кардааст. Ин мутахассиси итолиёвӣ Энтсо Мареска мебошад, ки айни ҳол ҳамчун варианти афзалиятнок ва ҳатто ягона барои курсии сармураббӣ баррасӣ мешавад.
Мареска, ки моҳи январ аз вазифаи сармураббии “Челси” канор рафт, ҳоло мунтазири муайян шудани ояндаи Гвардиола мебошад. Қаблан ӯ дар ситоди мураббиёни “Манчестер Сити” фаъолият карда, ҳамчун ёвари Гвардиола таҷриба андӯхта буд.
Баъзе расонаҳо аллакай хабар додаанд, ки Гвардиола дар охири мавсим дастаро тарк мекунад, аммо худи мураббӣ дар нишасти матбуотии ахир аз шарҳи ин масъала худдорӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Хосеп Гвардиола аз соли 2016 сармураббии “Манчестер Сити” буда, дар ин муддат бо даста ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Зери роҳбарии ӯ “шаҳриҳо” чандин маротиба қаҳрамони Англия шуда, инчунин бори аввал дар таърих Лигаи чемпионҳои Аврупоро ба даст оварданд.