Гвардиоларо дар Барселона ҷарроҳӣ мекунанд!

Сармураббии дастаи “Манчестер Сити” – Хосеп Гвардиола ҷарроҳӣ карда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Манчестер хабар додааст.
Мутахассиси испанӣ пас аз танаффуси байналмилалӣ, моҳи сентябр ҷарроҳӣ мешавад. Амалиёт бар асари дарди шадиди пушт гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, ки ҷарроҳӣ дар шаҳри Барселона анҷом мешавад. То шифо ёфтан Гвардиола онҷо боқӣ мемонад.
"Ҳама дар "Манчестер Сити" ба Пеп зудтар шифо ёфтанро орзу мекунанд ва интизори бозгашти зудтари ӯ ҳастанд" гуфта мешавад дар изҳорот.
Ёвари Гвардиола, Хуанма Лилйо дар вақти набудани сармураббӣ дастаро раҳбарӣ мекунад.