Гюлер ҷойгузини Салоҳ дар “Ливерпул” мешавад

Гюлер ҷойгузини Салоҳ дар “Ливерпул” мешавад

Дастаҳои “Ливерпул”, “Манчестер Юнайтед” ва “Арсенал” ба ҳамлагари “Реал Мадрид” - Арда Гюлер таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мекунанд.

Тибқи иттилои Caught Offside, “Ливерпул” барои ба даст овардани бозигари турк довталаби асосӣ мебошад. Гуфта мешавад, ки “Ливерпул” – Арда Гюлерро ҳамчун ҷойгузини эҳтимолии Муҳаммад Салоҳи 33-солаи баррасӣ мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки Гюлер дар ин мавсим дар 21 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо ширкат карда, се гол задааст ва ҳафт партофти головар анҷом додааст.

Ёдовар мешавем, ки Transfermarkt арзиши бозигари номбурдаро 60 миллион евро арзёбӣ мекунад.