Iamdifferent таъминкунандаи либоси ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии-2020

Iamdifferent таъминкунандаи  либоси ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии-2020

Ҳайати олимпии Тоҷикистонро Ширкати "iamdifferent" бо маҷмӯи либос (як маҷмӯъ иборат аз 24 номгӯ) таъмин мекунад. Ҷузъиёти охирини либосро муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, чемпиони олимпӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров ва мудири Ширкати "iamdifferent" Дилшод Ҷӯразода баррасӣ намуданд.