Ибрагимович ба ҳамдастагонаш PlayStation 5 туҳфа кард
Форварди 39 солаи бошгоҳи «Милан» - Златан Ибрагимович ба ҳамдастагонаш PlayStation 5 туҳфа намуд. Матео Мусаккйо, Самуэл Кастилехо ва Рафаэл Леао дар саҳифаҳои инстаграмашон ба Златан Ибрагимович ташаккур гуфтанд.
PlayStation 5 санаи 12-уми ноябр дар кишварҳои Ҷопон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Мексика, Австралия, Зеландияи Нав ва Кореяи Ҷанубӣ бароварда шуд.