Иброҳимович боз ҳам ҷароҳат бардоштааст!

Иброҳимович боз ҳам ҷароҳат бардоштааст!

Ҳамлагари 41 солаи  дастаи «Милан» - Златан Иброҳимович ҳангоми тамрин ҷароҳат бардоштааст.  Ба гуфтаи Pazzi di Fanta   Иброҳимович худро хуб эҳсос накард ва тамринро пеш аз муҳлат тарк кард. Эҳтимол дорад, ки шведӣ дигар дар ин мавсим дар ҳайати "Милан" бозӣ карда наметавонад. Маълумоти дақиқтар пас аз ташхиси тиббӣ эълон хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Иброҳимович аз соли 2020 дар тими “Милан” бозӣ мекунад. Шартномаи ҳамлагар бо даста  то соли 2023 амал мекунад. Дар мавсими имсола,  Иброҳимович дар ҳайати «Милан» дар чемпионати Италия чор бозӣ анҷом дода, ба задани  як гол ноил гардидааст.  Иброҳимович қисмати зиёди мавсимро бо сабаби осеб доштан, аз даст дода буд.

Ҳоло дар ҷадвали Серияи А дастаи “Милан” бо касби 56 имтиёз дар зинаи чаҳорум маскан гирифтааст. Инчунин даста ба даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфта, он ҷо бо дастаи “Интер” бозӣ мекунад.