Ҳидоят Ҳайдаров беҳтарин ҷудокори соли 2024 эътироф шуд

Ҳидоят Ҳайдаров  беҳтарин  ҷудокори соли 2024 эътироф шуд

Ҷудокори озарӣ Ҳидоят Ҳайдаров расман аз рӯи фарзияи IJF беҳтарин ҷудокори ҷаҳон дар соли 2024 миёни мардон эътироф гардид.

Мухлисон нахуст ба се ҷудокори дӯстдоштаи худ овоз доданд ва баъд аз он як кумитаи махсуси IJF ғолибро муайян кард. Дар Олимпиадаи соли 2024 Ҳидоят Ҳайдаров барои Озарбойҷон нишони тилло ба даст овард.

Дар ин номинатсия ҳафт тан аз ҷудукорони зӯртарини ҷаҳон дар охири сол барои унвони қаҳрамонӣ мубориза бурданд.

Бояд гуфт, ки Ҳидоят Ҳайдаров ғолиби Бозиҳои олимпӣ, Қаҳрамонии ҷаҳон ва Қаҳрамони Аврупо дар соли 2024 мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҷудокори 27 солаи озарӣ барандаи медали тиллои Бозиҳои Олимпии Париж -2024, 2 медали тилло, 4 нишони биринҷии Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, 1 нишони биринҷии мусобиқаҳои “Мастерс”, 7 тилло, 4 биринҷии мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” дар вазни то 73 кг мебошад.

Беҳтаринҳои ҷудо дар соли 2024 :

“Лаҳзаи сол”– пирӯзии ҷудокори ӯзбек Диёра Келдиёрова бар Ута Абеэи ҷопонӣ дар Бозиҳои олимпии Париж-2024

Беҳтарин мураббии даставӣ – сармураббии тими миллии Фаронса Баптист Лерой

Беҳтарин мураббии даставӣ миёни бонувон– сармураббии тими мунтахаби ҷудои Ӯзбекистон миёни бонувон  Марко Спиттка.

Беҳтарин мураббии мардона – сармураббии тими ҷудои Озарбойҷон  Ричард Таутман

“Ситораи афзоянда”  – Жоан Бенджамин Габа аз Фаронса

Иппони сол – Партоби Тедди Ринер дар финали Бозиҳои Олимпии Париж-2024

Беҳтарин ҷудокори  сол миёни бонувон – Криста Дегучи (Канада)

Беҳтарин ҷудокори  сол  миёни мардон – Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон)

ТВ "Варзиш"