Ифтитоҳи майдончаи футболи хурд дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ

Ифтитоҳи майдончаи футболи хурд дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ

Дар деҳаи Ҳосилоти Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳаҷми 440 ҳазор сомонӣ майдончаи замонавии болопӯшидаи футболи хурд сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Ин иқдоми созанда аз ҷониби як нафар сокини саховатпешаву худогоҳ Убайдуллозода Ҳикматулло роҳандозӣ гардида, боиси хӯшҳолии сокинон, бахусус ҷавонону наврасон гардид, зеро қаблан дар ҳудуди ҷамоат чунин майдончаи муосири варзишӣ вуҷуд надошт. Иншооти тозабунёди варзишӣ дар шафати шоҳроҳи мошингарди Бохтар-Панҷи поён, дар як мавзеи бекорхобида қомат афрохта, минбаъд дар дилхоҳ вақт дӯстдорони варзиш аз деҳаҳои атроф метавонанд, дар майдончаи тозабунёд бо риояи қоидаҳои муқарраргардида, ба бозии футбол ва машқу тамрин машғул гарданд.

Ба иттилои мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ин 10-умин майдончаи замонавии варзишӣ мебошад, ки дар доираи солҳои "Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" бо саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ сохтаву мавриди истифода қарор дода шудааст.