Ига Свёнтек ба даври сеюми Australian Open-2024 роҳ ёфт

Ига Свёнтек  ба даври сеюми Australian Open-2024 роҳ ёфт

Ракеткаи рақами якуми ҷаҳон Ига Свёнтек ба даври сеюми мусобиқаи тенниси Australian Open-2024 дар Мелбурни Австралия роҳ ёфт.

Дар бозии даври дуюм лаҳистонӣ бар ракеткаи 62-юми ҷаҳон Даниэл Коллинз бо ҳисоби 6:4, 3:6, 6:4 пирӯз шуд. Вохӯрии теннисбозон 3 соату 14 дақиқа давом кард.

Дар даври дигар Свёнтек бо теннисбози рақами 50-уми ҷаҳон Линда Носковаи чехӣ бозӣ хоҳад кард.

Мусобиқаи кушоди Australian Open дар Мелбурн аз 14 –ум то 27 –уми январ идома мекунад ва фонди ҷоизаи ин мусобиқа $ 58,128 млн долларро ташкил медиҳад. Дар соли гузашта барандаи ин мусобиқа Арина Соболенко буд, ки дар финал бар Елена Рибакина бо ҳисоби 4:6, 6:3, 6:4 ғолиб омад.