Ига Свёнтек беҳтарин бозигари United Cup — 2024 дониста шуд

Ига Свёнтек беҳтарин бозигари United Cup — 2024 дониста шуд

Теннисбози лаҳистонӣ, ракеткаи аввали раддабандии ҷаҳон миёни бонувон - Ига Свёнтек беҳтарин бозигари United Cup — 2024 эътироф шуд. Дирӯз, 7-уми январ, дар бозии ниҳоии яккаса ӯ бар собиқ ракеткаи якуми ҷаҳон Анжелика Кербер ғолиб омад.

Теннисбози лаҳистонӣ мусобиқаро бо натиҷаи 5-0 (5 ғалаба, 0 бохт) дар рақобатҳои яккаса ва дар омехта бо ҳисоби 2-1 ба анҷом расонд. Аммо пирӯзии Свёнтек дар дидор бо Кербер барои пирӯзии ниҳоии тими Лаҳистон дар United Cup — 2024 кофӣ набуд. Дастаи Олмон қаҳрамони мусобиқоти дастаҳои United Cup — 2024 шуд.

Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизаи умумии мусобиқа дар Австралия 10 000 000 долларро ташкил дод. Ин мусобиқаи намоишӣ нест, барои он ҳам дар рейтинги ATP ва ҳам WTA холҳо дода мешаванд. Соли гузашта, дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби ИМА оид ба теннис ғолиб шуда буд. Дар финал ИМА бар Италия пирӯз шуда буд.

Теннис. United Cup – 2024. Финал. Олмон – Лаҳистон (2-1)

Анжелика Кербер (Олмон) – Ига Свёнтек (Лаҳистон) – 3:6, 0:6.

Александр Зверев (Олмон) – Ҳуберт Ҳуркач (Лаҳистон) – 6:7 (3:7), 7:6 (8:6), 6:4.

Лаура Зигемунд/Александр Зверев (Олмон) – Ига Свёнтек/Ҳуберт Ҳуркач (Лаҳистон) – 6:4, 5:7, [10:4].