Ига Свёнтек бори сеюм пайиҳам ғолиби мусобиқаи “Ролан Гаррос” шуд

Ракеткаи якуми ҷаҳон, теннисбози лаҳистонӣ Ига Свёнтек барандаи мусобиқаи “Ролан Гаррос” дар шаҳри Парижи Фаронса гардид. Свёнтек дар финал бар ракеткаи 15-уми ҷаҳон Ясмин Паолинии итолиёвӣ бо ҳисоби 6:2, 6:1 ғалаба кард. Теннисбозон рӯи корт 1 соату 8 дақиқа бозӣ намуданд.
Теннисбози 23-солаи лаҳистонӣ бори сеюм пайиҳам ва бори чаҳорум дар корномаи теннисбозиаш барандаи мусобиқаи “Ролан Гаррос” шуд. Илова бар ин, Ига панҷумин унвони худро дар мавсим гирифт.
Ҳамчунин, Ига Свёнтек ҷавонтарин теннисбоз ( 23 солу 8 рӯз) дар мусобиқаи “Ролан Гаррос” гардид, ки чаҳор унвони қаҳрамониро ба даст овардааст.