Игор Ангеловский: “Мо бояд якҷо як даста бошем!”
14 май сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон Игор Ангеловский зимни нишасти хабарӣ муаррифӣ карда шуд. Ӯ давоми як соат ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб гуфта, бобати қуръакашии қисми Ҷоми Осиё-2027, бозиҳои дӯстонаи дарпешистода интихоби бозигарон барои дастаи миллӣ ва фалсафаи футболи худ ибрози назар кард.
ДАР БОРАИ КОРИ МУШТАРРАК БО ФФТ
– Ман мехоҳам аз роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои истиқболи гарм изҳори сипос намоям. Ман аз рӯзҳои аввали фаъолиятам дастгирии тамоми кормандони Федератсияро эҳсос кардам. Мехоҳам дастаи то 17-солаи Тоҷикистонро барои баромади муваффақонаашон дар Ҷоми Осиё-2026 ва дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон табрик гӯям. Дирӯз ман бозии мунтахаби ҷавононро дар чемпионати CAFA дар Ҳисор тамошо кардам. Онҳоро низ барои пирӯзӣ дар бозии аввалашон табрик мегӯям. Ман ва ёваронам аллакай дар якчанд бозиҳои чемпионати Тоҷикистон дар Душанбе, Турсунзода ва Бохтар иштирок кардем. Бозигарони хуб зиёданд.
ДАР БОРАИ СИТОДИ МУРАББИЁНИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
– Ҳамватанонам Милан Илиевски ва Иван Йовановский ба ман дар дастаи миллии Тоҷикистон кӯмак мерасонанд. Солҳои зиёд бо онҳо кор кардаам. Илиевски ёвари ман ва Йовановский мураббии тарбияи ҷисмонӣ хоҳанд буд. Дар омади гап, Иван, ки беш аз 20 сол мураббии тарбияи ҷисмонӣ аст, дарвозабон Олег Бакловро аз замони кораш дар дастаи «Урал»-и Екатеринбург хуб мешиносад. Тамоми ҳайати мураббиён ва маъмурият бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамоҳанг карда мешавад. Барои ман муҳим аст, ки кормандон якдигарфаҳмӣ ва нигоҳи ягона ба кор дошта бошанд.
ДАР БОРАИ РАҚИБОН ДАР ҚИСМИ НИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ-2027
– Австралия ва Ироқ дар Ҷоми ҷаҳон-2026 бозӣ хоҳанд кард ва ин аз сатҳи онҳо шаҳодат медиҳад. Сингапур низ аз ҷониби худ бо рӯҳияи баланд вориди рақобат хоҳад шуд. Мо ба ҳамаи рақибонамон эҳтиром мегузорем, аммо бояд пеш аз ҳама ба қувваи худ бовар дошта бошем ва дар ҳар бозӣ тамоми имкониятамонро истифода барем. Ҳар як бозӣ тамаркузи баланд, интизом ва садоқатро талаб мекунад. Мо бояд ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати рӯҳӣ омода бошем.
ДАР БОРАИ БОЗИҲОИ ДӮСТОНА
– Барои моҳи июн ду бозии дӯстона ба нақша гирифтаем. Гуфтушунидҳо идома доранд ва дар марҳилаҳои ниҳоӣ аст. Ман метавонам бигӯям, ки дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи сентябр бо яккачини Озарбойҷон бозии дӯстона хоҳем дошт. Ҳангоми интихоби ҳарифон миёни дастаҳои аврупоӣ ва осиёӣ, ман дастаҳои осиёиро авлавият медиҳам, зеро мо моҳи январ дар Ҷоми Осиё -2027 бозӣ хоҳем кард.
ДАР БОРАИ СИФАТИ БОЗИГАРОН
– Барои ман муҳимтарин чиз интизом на танҳо дар майдон, балки берун аз он, инчунин фазои даста аст. Ҳеҷ гоҳ дар бораи шахсияти бозигарон гап намезанам. Агар бозигар сазовор бошад, ҳатман ба дастаи миллӣ даъват мешавад.
ДАР БОРАИ 100-УМИН БОЗИИ АҲТАМ НАЗАРОВ
– Аҳтам Назаров бозигари калидии мунтахаби Тоҷикистон аст. Ман медонам, ки ӯ айни замон 98 бози дорад. Бешубҳа 100-умин бозии худро дар ҳайати тими миллӣ хоҳад кард. Медонам, ки ӯ барои дастаи Тоҷикистон корҳои зиёде кардааст ва бозигароне мисли ӯ барои насли ҷавон намунаи ибратанд. Футболбозоне, ки солҳои тӯлонӣ пироҳанҳои яккачини кишварро ҳимоя мекунанд, сазовори эҳтироми бузурганд. Таҷриба ва хислатҳои роҳбарии онҳо барои даста муҳим мебошанд.
ДАР БОРАИ ВАҲДАТ ҲАНОНОВ
– Хабар дорам, ки ӯ ба бозии охирини Тоҷикистон бо яккачини Филиппин даъват нашудааст. Он вақт сабабҳо буданд – ӯ вақтҳои охир таҷрибаи бозӣ надошт. Ман бо Ваҳдат сӯҳбат кардам ва ӯ гуфт, ки барои ҳунарнамоӣ дар сафи тими миллии Тоҷикистон омодааст. Айни замон яке аз довталабон барои даъват шудан ба дастаи миллӣ аст.
Дарҳои дастаи миллӣ барои ҳамаи бозигароне, ки омодаанд сидқан меҳнат кунанд, бозӣ кунанд ва тамоми қувваашонро ба даста бахшанд, бозанд.
ДАР БОРАИ ФАЛСАФААШ
– Мо бояд муттаҳид бошем: бозигарон, мураббиён, кормандони тиббӣ ва маъмурӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мухлисон, рӯзноманигорон ва ҳамаи онҳое, ки ба дастаи миллӣ ғамхорӣ мекунанд. Ҳамаи мо бояд як даста бошем. Ин ягона роҳи ба даст овардани муваффақият аст.
ДАР БОРАИ КОР БО ДАСТАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
– Ин барои ман як даъвати нав аст. Мехоҳам таъкид намоям: танҳо маро танқид кунед, на бозигарон ва на Федератсияро. Бигзор тамоми интиқодҳо танҳо ба суроғаи ман бошанд. Ман масъулияти сангинеро, ки сармураббии мунтахаб бар дӯш дорад, дарк мекунам. Тамоми кӯшишу ғайрати худро ба харҷ медиҳем, то мухлисонро шод гардонем ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бошарафона муаррифӣ намоем.