Игор Черевченко бохти “Истиқлол” аз “Шарҷа”-ро шарҳ дод

Игор Черевченко бохти “Истиқлол” аз  “Шарҷа”-ро шарҳ дод

Сармураббии «Истиқлол» Игор Черевченко дар нишасти матбуотии пас аз бозӣ натиҷаи вохӯриро бо тими «Шарҷа» шарҳ дод.

“Мехоҳам дастаи «Шарҷа» - ро бо пирӯзӣ ва имтиёзҳои ба дастовардааш табрик гӯям. Бозӣ ба тавре сурат гирифт, ки мо метавонистем зиёдтар ба дарвозаамон гол сар дидем ва баръакс, метавонистем бештар ба дарвозаи рақиб гол занем.

Вохурӣ дар самтҳои муқобил ҷолиб ҷараён гирифт, хусусан дар пайти дуюм... Умедворам, ки дар бозии ниҳоии хонагӣ шоҳиди футболи дигар хоҳем шуд”.

Қобили зикр аст, ки дар доираи бозиҳои даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё дастаҳои “Ал-Шарҷа” ва “Истиқлол” бо ҳам бозӣ карданд ва вохӯрии дастаҳо шаҳри Шарҷа баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт.

Ягона голи “Истиқлол”-ро дар ин бозӣ Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 24-ум ба самар расонид.Ин аввалин голи дастаи “Истиқлол” дар мавсими имсолаи Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё буд.

Пас аз нокомии панҷум ҳоло “Истиқлол” дар гурӯҳи “С” бидуни имтиёз дар зинаи охири аст ва шонси аз гурӯҳ баромаданро низ аз даст додааст. Дар бозиҳои қаблӣ дастаи мо аз “Шарҷа” бо ҳисоби 0 бар 3 дар хона, аз “Сипоҳон” бо ҳисоби 0 бар 4 дар сафар , аз “Ал-Ваҳдат” бо ҳисоби 0:1 дар хона ва аз “Ал-Ваҳдат” бо ҳисоби 0:1 дар сафар мағлуб шуда буд.

Дар гурӯҳи мазкур тими “Ал-Ваҳдат”-и Урдун ҳоло бо 11 имтиёз пешгом буда, роҳхати марҳилаи ҳазфиро ба даст овард. “Шарҷа” бо 10 имтиёз дар зинаи дуюм ва “Сипоҳон” бо 7 имтиёз дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтаанд.

“Истиқлол” бозии охири марҳилаи гурӯҳиро рӯзи 3-юми декабр дар шаҳри Душанбе муқобили “Сипоҳон”-и шаҳри Исфаҳон анҷом медиҳад.