IJF беҳтаринҳои ҷудои соли 2023-ро эълон мекунад
Федератсияи байналмилалии ҷудо беҳтаринҳои соли 2023-ро дар натиҷаи раъйгирӣ муайян мекунад.
Дар робита ба ин дар номинатсияҳои “Иппони сол”, “Беҳтарин ҷудочии сол” миёни мардҳо ва бонувон, “Беҳтарин лаҳзаи сол”, “Оғози рушд”, “Мураббии сол”, “Ҷудо барои сулҳ”, “Ҷудо барои кӯдакон” барои овоздиҳӣ 5 вариант пешниҳод гардидааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар номинатсияи “Беҳтарин лаҳза” Гран Прии Душанбе (3 медали тилло дар аввалин мизбонии мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо) низ ба овоз монда шудааст.
Дар ин ҷо имкон доред овоз диҳед: [IJF Judo Awards 2023](https://awards.ijf.org/)
